Ба нақл аз пойгоҳи хабарии “ал вамуссобеъ”и Миср, Аҳмад Таиб дар дидор бо Сауд Файсал, вазири хориҷаи Арабистон бо баёни ин матлаб гуфт: Гуруҳи терористи ДОИШ сохтаи дасти истеъмор аст ва ҳеҷ шабоҳате бо ислом ва мусулмонон надорад.

Вай гуфт: Бо камоли таассуф ин ҷинояткорон тавонистанд чеҳраи ваҳшатноке аз ислом ба ҷаҳон содир кунанд ки ҳеҷ шабоҳате бо ислом ва мусулмонон надорад.

Аҳмад Таиб тасреҳ кард: Нуктаи дарднок ин аст ки ин ҷинояти зидди башари бо иддаои хилофат ва эҳёи давлати исломи ва ба номи ислом анҷом мегирад, дине ки мубтани бар раҳмат ва маваддат аст.

Аҳмад Таиб дар поён гуфт: Шоҳиди мо бар ин муддао, кутоҳиҳои Америка дар мубориза бо ин гуруҳҳост.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст