Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии “Алявмуссобеъ”и Миср, уламои Алазҳар эълом карданд: Ҳар ширкаткунандае дар ин мусобиқа чи бо гуфтор ва чи рафтор ва сукуткунанда дар муқобили он шаръан гунаҳкор аст.
Шайх Абдулҳамид раиси собиқи кумитаи фатвои Алазҳар гуфт: Аввалин оташ бо шарора шуруъ мешавад ва ин (мусобиқаи рақс) аввалин иқдом барои гумроҳ кардани духтарон ва писарони ҷавони мост.
Вай дар идома гуфт: Бояд бидонем ки нашри фасод ва разилатҳои ахлоқи, асос ва поя аз даст рафтани ҳар кишваре аст ва ҳар кас бо гуфтор ё рафтораш дар мусобиқаҳои рақс ширкат кунад, шаръан гунаҳкор аст.
Маҳмуд Маҳно, узви ҳайат уламои аршади Алазҳар гуфт: Миср ҳамчунон пойбанд ба макорими ахлоқи хоҳад буд ва як уммати пешрафта монанди коре ки раққосаҳо анҷом медиҳанд, бо обрӯ ва ҷисми духтаронаш бози намекунад.
Бинобар ин гузориш, барномаи “ал Рақоса” ки шомили мусобиқаи байналмилали рақси шарқи аст, қарор аст аз 1 сентябр дар шабакаи моҳвораи “ал Қоҳира ва нос” и Миср оғоз шавад.
Икно
Мухолифати уламои Алазҳар бо баргузории мусобиқаи зидди исломи
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 2428