Дорулифтои Миср ташкили хилофати исломи дар Ниҷерияро маҳкум кард.
Ба нақл аз рӯзномаи электроники “ал Ватан” Дорулифтои Миср ташкили хилофати исломи тавассути Букуҳаром дар минтақаи таҳти сайтараи ин ташкилот дар ин кишвари Африкаиро ки шҳиди танишҳои тоифаи ва нажоди астро маҳкум кард.
Иброҳим Наҷм, мушовири муфтии Миср изҳор кард: Ин гуруҳи тундрав бо иқдомоти хашин ва терористие ки онро абзоре барои таҳаққуқи аҳдофаш қарор дода, бар минтақаҳое ки шоҳиди таниш аст, сайтара ёфта аст.
Вай афзуд: Хилофат масъалаи шаръи аст ва шароит ва завобит дорад ки китобҳои фиқҳи аз замонҳои қадим онро табйин ва тасбит карда аст ва амри шухи нест ки ҳар кас муддаи он шавад.
Наҷм тасреҳ кард: Мафҳуми хилофати исломи бештарин мафоҳиме аст ки дар замони ҳозир махдуш ва ба ибтизол кашида шуда аст, ба наҳве ки дар маҳофили ғайри исломи ва ҳатто байни худи мусулмонон ва кишварҳои дорои аксарият мусулмон, ба мафҳуми баде табдил шуда аст.
Мушовири муфтии Миср муборизаи қотеона бо ингуна фарохонҳо ва гуруҳҳои тундравро хостор шуд ва гуфт: Бояд бо ин ташкилот қотеона бархурд кард то худамонро муқобили садҳо хилофати исломи рақиби якдигар набинем; масъалае ки бидуни шак ба тазъифи давлатҳои мавҷуд мунҷар хоҳад шуд на барпои як давлати исломӣ.
Гуруҳи терористи Букуҳаром дар Ниҷерия ахиран ба тақлид аз ДОИШ ташкили хилофати исломи дар ин кишварро эълом кард. Раҳбари гуруҳи терористи Букуҳаром дар як филми видеои эълом кард ки шаҳри Гузо дар шимол ва шарқи Ниҷерия “хилофати исломи ташкил дода” аст.
Букуҳаром ба маънои “таҳсилоти ғарби ҳаром аст”, як гуруҳи терористи дар Ниҷерия аст ки ба номи ислом ҷиноятҳои гуногунеро алайҳи мусулмонон ва масеҳиёни ин минтақа муртакиб мешавад.
Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст