Ба нақл аз пойгоҳи хабарии «Muslim.ru», тарҳи ҷамъоварии нақди барои мардуми Фаластин дар маросими намози ҷамоати рӯзи ҷаҳонии Қудс эълом шуд.

Кумакҳои ҷамъовари шуда барои хариди дорувори ва таҷҳизоти пизишки мешавад ва ба зуди барои мудовори кудакони Ғазза, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои Исроил маҷруҳ шудаанд, ирсол хоҳад шуд.

Барномаи ҷамъоварии кумак барои кудакони Ғазза аз сӯи сандуқи “Закот”и Москва ки дар заминаи ҳимоят аз ниёзмандони Россия фаол аст, созмондеҳи шуда аст.

Масулияти таҳвили кумакҳо ба Фаластин низ бар уҳдаи сандуқи ҳамбастагии Москва аст.

Элдор Алоиддинов, муфтии Москва ва имом ҷамоати масҷиди ҷомеи Москва гуфт: Ин кумакҳо имрӯз ё фардо ба сандуқи ҳамбастаги таҳвил дода хоҳад шуд.

Ҷамъоварии кумак барои мардуми Ғазза дар Москва ҳамчунон идома дорад ва мардум бо ирсоли кумакҳои моли ба сандуқи закот ва ё эҳдои кумакҳояшон дар маросими намозҳои ҷумъа ба фаластиниён кумак мекунанд.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст