Пешбиниҳои анҷуманҳои нуҷуми кишварҳои араби ҳикоят аз ин дорад, ки Рамазони имсол 30 рӯз нахоҳад буд, бинобар ин душанбе 28 июл иди саиди Фитр аст.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии “Мисриёт” анҷуманҳои нуҷуми Миср ва Арабистон пешбини кардаанд Рамзони имсол 30 рӯза нест ва ҳилоли Шаввол шаби 29 Рамазон дида хоҳад шуд, бинобар ин душанбе, 28 июл соли 2014 иди саиди Фитр аст.

Бинобар ин пешбиниҳо дар бештари кишварҳои араби ҳамчун Арабистон, Кувейт, Қатар, Сурия, Либия, Судон, Баҳрайн, Уммон, Яман, Лубнон, Марокаш, Урдун, Тунис ва Фаластин душанбе иди Фитр хоҳад буд.

Сешанбе иди саиди Фитр дар Алҷазоир

Ин дар ҳоле аст, ки анҷумани нуҷуми Ашшуаро дар Алҷазоир бо судури баёнияе эълом карда аст; бо ба таваҷҷуҳ ба ғайри мумкин будани руяти ҳиломи Шаввол дар рӯзи якшанбе 27 июл пешбини мешавад ки пас аз тамом шудани 30 рӯзи моҳи мубораки Рамазон рӯзи сешанбе 29 июл иди саиди Фитр мебошад.

Дар ин баёния такид шуда аст: Ба далели ғайри мумкин будани руяти ҳилоли моҳи Шаввол дар рузи якшанбе агар ба расади феъли бо чашми ғайри мусаллаҳ ё телескоб иктифо кунем рузи сешанбе ид хоҳад буд.

Ин анҷуман такид кард: Кишварҳо ва гуруҳҳое ки танҳо ба шеваи муҳосибаи иктифо мекунанд на ба расади чашми ғайри мусаллаҳ ё телескоб, аз ҷумла Туркия, кишварҳои ҳавзаи Балкан ва бархе ақалиятҳои мусулмон дар Европа ва Америка рузи душанбе иди Фитрро ҷашн хоҳанд гирифт.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст