Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии “Алҷазира”, теъдоде аз кишварҳои исломӣ аз ҷумла Арабистон, Қатар ва Кувейт эълом карданд, ки якшанбе аввали рамазон хоҳад буд.

Эрон, Баҳрайн, Кувейт, Имороти Муттаҳидаи Араби, Урдун, Фаластин, Судон, Ироқ, Тунис, Алҷазоир, Умон  ва Лубнон низ якшанберо аввали рамазон эълом карданд.

Кумитаи расади ҳилоли Иморот дар баёнияе такид кард: Баъд аз таҳқиқоти анҷом шуда бо такя бар шеваҳои шаръи исботи ҳилол ва баъд аз тамосҳое бо кишварҳои ҳамсоя анҷом шуд, мушаххас шуд, ки ин кишварҳо шаби ҷумъа натавонистанд ҳилоли Рамазонро бубинанд, ва рӯзи шанберо охири моҳи Шаъбон эълом карданд ва рӯзи якшанберо аввали моҳи Рамазон.

Аҳмад Ҳалил, қози калони Урдун ва шайх Муҳаммад Ҳусейн, муфтии кулли Қудс ва Фаластин низ якшанберо аввали моҳи Рамазон эълом карданд.

Шанбе 28 июн дар бархе аз кишварҳои исломи мисли Тоҷикистон, Яман ва кишварҳои Европои аввали моҳи Рамазон буд.

Ин дар ҳоле аст, ки бино бар эъломи ҳайати шаръии дорулифтои Яман, моҳи Рамазон аз шанбе дар ин кишвар оғоз шуда ва Россия ва мусулмонони теъдоде аз кишварҳои Европои аз ҷумла Италия ва Америка низ рӯзадор шудаанд.

Шурои фиқҳии Амеркаи шимоли низ эълом кард: 28 июн аввали моҳи мубораки Рамазон ва 28 июл низ иди саиди Фитр хоҳад буд.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст