Бо наздик шудан ба моҳи мубораки Рамазон, замони дақиқи тулуъ ва ғуруби хуршед барои муҳосибаи соатҳои рӯзадорон аҳамияти вижае пайдо мекунад.

Дар ҳоли ҳозир дар нимкураи шимолии замин ҳаво гарм ва рӯзҳои баланд ва нимкураи ҷанубии ҳаво сард ва рӯзҳо кутоҳ аст.

Ба ин тартиб дар ин вақти сол, Рейкявик пойтахти Исландия дар Европа ва Веллингтон пойтахти Зеландияи Нав дар ҷануби ғарби уқёнуси Ором бештарин ва камтарин соатҳои рӯзаро доранд.

Рейкявик ба унвони шимолитарин пойтахти ҷаҳон бо беш аз 21 соат рӯза, баландтарин соатҳои рӯзадори ва Веллингтон ҷанубитарин пойтахти ҷаҳон бо ҳудуи 9 соат рӯза кутоҳтарин замони рӯзадориро барои мусулмонон дорад.

Агарчи омори дақиқе аз теъдоди мусулмонони Исландия дар даст нест аммо тахмин зада мешавад, ки ҳудуди 2 ҳазор мусулмон дар кишвари 320 ҳазор нафарии Исландия зиндаги мекунанд, ки бештари онҳо дар Рейкявик сокин ҳастанд. Мусулмонони Зеландия нав низ ҳудуди 30 то 40 ҳазор нафар аз ҷамъияти 340 ҳазор нафари ин кишварро ташкил медиҳанд.

Албатта Рейкявик ва Вилленгтон шимолитарин ва ҷанубитарин пойтахтҳо ҳастанд, аммо шаҳрҳои дигаре ҳам вуҷуд доранд, ки дар тули моҳи Рамазони имсол бо шабҳои равшан рубару ҳастанд ба ин маъно ки хуршед дар ин мавқеи сол дар ин шаҳр ғуруб намекунад. Ба унвони мисол шаҳри Мурманск дар Россия яке аз шимолитарин шаҳрҳои ҷаҳон аст, ки Хуршед имсол дар он ғуруб намекунад.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст