Оғози ҳаштумин намоишгоҳи китобҳои исломии Россия дар Қазон

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии  «Islam.ru, ин намоишгоҳ ба ҳиммати идораи умури мусулмонон дар масҷиди Марқони қадимитарин масҷиди Қазон баргузор мешавад.

Дар ин намоишгоҳ ноширони бузург асарҳои исломии Россия ба ироаи маҳсулоти фарҳангии худ мепардозанд.

Интишороти Имон, Муслим прес, Ҳорун Яҳё, Китоб, Мадина, Донишгоҳи исломии Россия, Китобхонаи исломии нобиноён ва шурои мазҳабии мусулмонони ҷумҳурии Доғистон аз ҷумлаи интишороти исломи дар Россия ҳастанд.

Дар ин намоишгоҳ илова бар Қуръони Карим, бисёре аз китобҳои исломи аз ҷумла китобҳои тафсири, ҳадиси, таърихи ислом, адабиёти достони ва шеър ироа хоҳад шуд.

Ҳаштумин намоишгоҳи китоби исломии Россия рӯзи 14 июн ба кори худ поён медиҳад.

Ин намоишгоҳ аз соли 2008 ҳар сол дар шаҳри Қазон баргузор мешавад.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст