Бар асари инфиҷори ду бомб дар буруни меҳмонхонае, ки доктор Абдуллоҳи Абдулло саргарми мулоқот бо интихобкунандагонаш буд, имрӯз 6-уми июн 4 нафар кушта ва теъдоди бештар аз ин захмӣ шудаанд.
Бино ба гузориши Сиддиқ Сидиқӣ-сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон дар миёни афроди захмӣ муҳофизони доктор Абдуллоҳ низ ҳастанд.
Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар дохили ин меҳмонсаро бо интихобкунандагонаш гуфтугӯ мекард ва саргарми таблиғоти барномаи президентиаш буд. Вай дар суҳбате, ки фавран бо хабаргузориҳо дошт, эълон кард, ки дар ин ду инфиҷор ба ӯ зарар нарасидааст, чун дар дохили бино буд. Вале мошинаш аз кор баромадаву муҳофизонаш захмӣ шудаанд.
То ба ин лаҳзаҳое, ки хабар омода мешуд, ҳеч гуруҳе масъулияти ин бомбгузориро бар душ нагирифтааст. Аммо пештар аз ин Толибон эълон крада буд, ки ба интихоботи қарибулвуқуъи президентӣ халал хосонд.
Сухангӯи вазорати умури дохила гуфтааст, ки боми дуюм замоне инфиҷор ёфт, ки доктор аз мулоқот бо аъзои ҳизби Ваҳдати исломӣ хориҷ мешуд.
Маврид ба ёдоварист, ки доктор Абдуллоҳи Абдулло пешсафи сабқати интихоботӣ буда, эҳтимолияти пирӯзиаш дар дуюмин даври интихобот зиёд мебошад. қарор аст даври дуюми интихобот бо ширкати ў ва Ашраф ғанӣ Аҳмадзай рӯзи 14-уми июн баргузор шавад.
tojnews.org