Истиқлолталабони шарқи Украин аз пирӯзии қотеи худ дар ҳамапурсии ин минтақа хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории Рейтерз аз Донетск бархе аз истиқлолӣалабон натиҷаи ин раъйгириро ба манзалаи касби истиқлоли шарқи Украин ва иддаи дигар онро ба маънои ваҳдати ниҳоӣ бо Русия донистанд.
Созмондиҳандагони ин ҳамапурсӣ дар минтақаи аслии шарқи Украин эълом кард, ки ҳудуди 90 дар сади ширкаткунандагон раъй ба истиқлол додаанд.
Каме пеш аз баста шудани ҳавзаҳои раъйгирӣ як раҳбари истиқлолталабон гуфт, ин минтақа ниҳодҳои давлатӣ ва низомии худро ташкил хоҳад дод.
Як раҳбари дигари истиқлолталабон гуфт, ин раъйгирӣ сареҳан нишон дод, ки шарқ хоҳони тасмимгирӣ дар мавриди сарнавишти худ аст.