Шаҳрвандони мусалмон тавассути шуришиёни Судони Ҷануби қатли ом шудаанд.
Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии«islametinfo.fr», неруҳои сулҳбони Созмони Милали Муттаҳид дар Судони Ҷануби дар гузорише эълом кард, ки шуришиён ва низомиёни вафодор ба Рик Машор, муовини собиқи раиси ҷумҳури Судони Ҷануби, пас аз вуруд ба шаҳри Бантио беш аз 200 шаҳрванди мусалмонро, ки дар масҷиди ин шаҳр паноҳ гирифта буданд қатли ом карданд.
Танишҳо дар Судони Ҷануби пас аз он боло гирифт, ки раиси ҷумҳури ин кишвар муовини аввали пешини худро ба иттиҳоми талош барои кудито алайҳи давлат муттаҳам кард. Дар пайи ин тасмим, танишҳо дар ин кишвар ба даргириҳои хунине табдил шуда аст.
Аксари ҷамъияти Судони Ҷанубиро масеҳиён ташкил медиҳад; аз инру, шаҳрвандони мусалмони ин кишвар аз дучор шудан ба сарнаваишти пайварони ислом дар Африкаи Марказӣ ҳарос доранд.
Икно