Мусалмонон ба манзури гурехтан аз хушунатҳо ва озор ва заиятҳо, аз пойтахти Африкаи Марказӣ берун рафтаанд.

Алҳоҷ Абокор ибни Усмон, раиси милисаҳои Бамбори эълом кард: “93 нафар оворае, ки намояндаи олии Созмони Милали Муттаҳид мусулияти онҳоро ба уҳда гирифта аст, рӯзи якшанбе сафари 300 километри аз Банги то Бамбориро оғоз кардаанд ва рӯзи душанбе ба Бамбори расиданд”.

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар ин робита эълом кард: “Ин тадбир бо ҳадафи наҷоти ҷони ин афрод баъд аз тафаккури тулони дар бораи вазъи онҳо ба унвони охирин чора иттихоб шуда аст.”

Раиси милисаҳои Бамбори эълом кард дар шаҳри Бамбори 45 ҳазор сокини мусалмон ва масеҳи бо тафоҳум дар канори ҳам зиндаги мекунанд. Вай дар идома гуфт: “Мо ҳеҷ мушкиле мушоҳида намекунем, ки аз дигарон низ истиқбол кунем. Мо ҳеҷ ихтилофе бо ҳам надорем.”

Хабар

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст