Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, қонунеро имзо кард, ки бар асоси он донистани забони русӣ ба муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар, аз ҷумла тоҷикон, ҳамтӣ шуд. Ин тарҳи қонунро 4 апрели соли ҷорӣ Думаи давлатӣ ва 16 апрел Шӯрои Федератсиюн тасвиб карда буданд.
Бар асоси бандҳои қонуни мазкур, муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми муроҷиат ба ниҳодҳои давлатии Русия барои дарёфти иҷозаи истиқомати муваққат, фаъолияти корӣ ё патент, бо ироаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар имтиҳон гирифта мешаванд. Ин қонун аз моҳи сентябри соли 2015 мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
“Шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳодатномаи фориғуттаҳсили таълимгоҳи яке аз кишварҳои собиқ Шӯравиро то 1 сентябри соли 1991 соҳиб шудаанд, аз талаботи қонуни мазкур озод мебошанд",-мегӯянд мақомоти Русия. Инчунин, мутахассисони баланпоя аз супоридани забони русӣ ҳангоми қабул ба кор дар Русия озод будаанд.
Ҳатмӣ шудани донистани забони русӣ барои муҳоҷирон
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 2490