Қирғизистон бо ҳадафи таҳкими марзҳояш бо Тоҷикистон тасмим гирифт, ки чаҳор посгоҳи нав бисозад.
Раҳимбердӣ Душанбеев - раиси идораи марзбонии Қирғизистон рӯзи шанбе дар маҷлиси ин кишвар гуфт, ки ҳазинаи эҳдоси ин посгоҳҳои марзӣ, ки дар навоҳии марзии Лайлак ва Бодканд сохта хоҳанд шуд, дар буҷети соли ҷории ин кишвар гунҷонда шудааст.
Ба дунболи сар задани даргирии марзии байни марзбонони қирғиз ва тоҷик дар ёздаҳуми январи соли ҷорӣ, ки мунҷар ба захмӣ шудани ҳафт марзбон шуд, равобити ду кишвар рӯ ба сардӣ гароид. Бишкек дар пайи ин воқеа сафири худро аз Душанбе фаро хонд ва гузаргоҳҳои марзии худро 70 рӯз ба рӯйи Тоҷикистон баст.
Марзбандӣ ба тиҷорати байни ду кишвар хисороти зиёде ворид кард, ба тавре ки ба гузориши идораи гумруки Тоҷикистон, ҳаҷми мубодилоти иқтисодии кишвар дар муддате, ки марз баста буд, 11 баробар нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл камтар шуд.
Бо гузашти 22 сол аз истиқлоли ин кишвар аз султаи Шуравии собиқ ба иллати ихтилоф дар мавриди моликияти заминҳои марзӣ аз 976 километр марзи ду кишвар то кунун танҳо 504 километр мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.