Сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз панҷшанбе дар маҳали ин сафорат дар Теҳрон барномаҳои ҷашни наврӯзро баргузор кард.
Ба гузориши Форс, дар ин ҷашн, ки сафирони кишварҳои хориҷии муқими Теҳрон, мақомоти баландпояи Эрон, донишҷӯён ва тоҷикони муқими Эрон ҳузур доштанд, ойини баргузории ҷашни наврӯз дар миёни миллати тоҷик ба ҳозирон намоиш дода шуд.
Дар ибтидои ин маросим Машир Зоиров - фиристодаи ҷумҳурии Тоҷикистон зимни арзи хайрамақдам ба ширкаткунандагон дар ин ҷашн, хотирнишон кард, ки ҷашни Наврӯз дар созмони фарҳангии ЮНЕСКО ба унвони як ҷашни таърихӣ ва бостонӣ ба сабт расида, ки худ таъйиде бар аҳамияти ин ҷашни бостонӣ аст.
Пас аз суханронии Зоиров, Муҳаммади Мудирӣ - мудири кули кишварҳои муштаракулманофеи вазорати хориҷаи Эрон ва Носир Аҳмадӣ, сафири Афғонистон дар Эрон низ иди наврӯзро ба ҳозирон табрик гуфтанд.
Дар ин барнома ойини баргузории наврӯз дар Тоҷикистон дар қолаби суфраи наврӯзӣ, намоиши ҳунарҳои дастии миллати тоҷик ва мусиқии суннатӣ ба намоиш гузошта шуд ва филме аз дастовардҳои ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлол ба намоиш даромад.