Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии “Ватан Онлайн” шурои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи охири худ дар Женеви Швейсария бо судури қатъномае аз давлати Миянмар хост то тамоми талоши худро барои муқобила бо табъиз ва таҷовузҳои мустамар алайҳи ақалияти мусалмонони Роҳингиё ба кор бибандад.

Ин шуро зимни маҳкум кардани таҷовузоти мустамар бар зидди мусалмонони Миянмар аз давлати ин кишвар хост, ба мусалмонон иҷоза диҳад то ба сурати озодоан дар ин кишвар зиндаги кунанд ва аз ҳуқуқи шаҳрвандии комил бархурдор бошанд.

Дар ин қатънома ҳамчунин бар зарурати гуфтугу миёни адён барои барраси иллатҳои решаи ин масала ва таҳқиқоти мустақил ва бетарафона дар мавриди таҷовуз ба ҳуқуқи мусалмонони Роҳингиё такид шуда аст.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст