Ба нақл аз “Шафақно” баъд аз қарори давлати Миянмар дар мавриди мамнуъияти хидматрасонии созмони мазкур ба мусалмонон наметавонад  ҳеҷ асаре аз дору дар урдугоҳҳо ёфт шавад.

Дар чанд рӯзи охир як зани 20 сола ва кудаки ширхорааш ба далели мубтало ба бемории сил ва набудани дору ва дармон ҷон доданд; онон муддатҳо аз доруи созмони пизишкон бидуни марз истифода мекардаанд.

Баъд аз берун рондани масъулони созмони пизишки бидуни марз аз урдугоҳҳо аз суи давлат бисёре аз беморон бо камбуди дору мувоҷеҳ шудаанд ва манбаъи дигаре барои таъмини доруи худ надоранд.

Гузоришҳо нишон медиҳад, ки афроди зиёде баъд аз ихроҷ кардани сомзони мазкур аз урдугоҳҳо ба далели бемори ва набудани пизишкон ҷони худро аз даст медиҳанд.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст