Шайхи Алазҳар:

Ҳаққи ветуи Америка муҳимтарин омили тероризми байналмилали аст.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии “ал Бавобат ун ниюз”, Муҳаммад Маҳно, мушовири Аҳмад Тайиб, шайхи Алазҳар ва устоди ҳуқуқи байналмилали эълом кард: Шайхи Алазҳар дар суханони худ дар гирдиҳамои уламои мусалмон бо унвони “тақвияти ҷомеаи исломӣ” дар Абузаби, воқеиятҳои имрӯзи ҷаҳонро ошкор ва нотавонии Созмони Милали Муттаҳид аз таҳаққуқи аҳдофашро эълом кард.

Муҳаммад Маҳно дар идома афзуд: “Хатарноктарин омилҳои таҳдидкунандаи сулҳи ҷаҳони ҳаққи ветуи Америка аст ва исроф дар истифода аз он дасти созмонҳои байналмилалиро барои таҳти пайгард қарор додани муҷримон ва таҳаққуқи сулҳи одилона дар бисёре аз минтақаҳои пуртаниши ҷаҳон, мебандад.”

Вай ҳамчунин гуфт: “Шайхи Алазҳар дар семинори Иморот ҳаққи ветуи Америкаро ки марбут ба даргири байни Исроил ва Фаластин астро муҳимтарин далели тероризми байналмилали ва ташвиқкунанда ба он донист.”

Маҳно баён кард: “Тарҳи байнламилали, ки шайхи Алазҳар барои шинохти байни миллатҳо матраҳ карда аст, ба тақвияти арзишҳои сулҳ, амният, бародари ва муҳаббат аз тариқи барномаҳои гуфтугу ва дигар барномаҳои омузиши даъват мекунад.”

Ёдовар мешавем, ки ин гирдиҳамои дар рӯзҳои 9 ва 10 март дар Абузаби баргузор шуд.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст