Хушҳолии саҳюнистҳо аз кам таваллуд шудани мусалмонон
Расонаҳои саҳюнисти бо интишори оморҳои марбут ба теъдоди мутаваллиди соли 2013 дар Фаластин аз кам таваллуд шудани мусалмнон хабар дод.
Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии « tel-avivre бар асоси гузориши мунташир шуда тавассути дафтари марказии омори Исроил, дар соли 2013 мелоди теъдоди мутаваллидини мусалмон дар Фаластин коҳиши 5.5 дар садиро нишон медиҳад.
Омороҳи мунташир шуда нишон медиҳанд, ки дар соли 2012, 36700 кудаки мусалмон мутаваллид шуда буд дар ҳоле, ки дар соли 2013 ин рақам ба 34766 расида аст, ки коҳиши 5.5 дар сади дорад.
Расонаҳои Исроили дар ҳамин ҳол гузориш доданд ки теъдоди навзодони яҳуди дар соли 2012, 125409 нафар буд дар ҳоле, ки дар соли 2013 бо афзоиши 1.3 дарсади, ин рақам ба 127101 расида аст.
Теъдоди навзодони масеҳи ва арабҳои мусалмони сокини Исроил низ дар муқоиса бо яҳудиён дар соли 2013 коҳиш дошта аст ва ин нишонаи талошҳои зиёди Исроил барои тағири ҳувияти фаластиниён ва султа бар ин сарзамини исломи ва араби аст.
Икно