Бар асоси гузориши муассисаи Пио дар Америка: Суръати рушди ҷамъияти мусалмонон беш аз рушди ҷамъияти ҷаҳон.
Бинобар гузориши муассисаи пажуҳиши Пио дар Америка, ислом дар ҳар сол 2.9 дар садри рушд дорад ва ин нархи рушд беш аз нархи рушди ҷамъияти ҷаҳон аст, ки ҳар сол ҳудуди 2.3 дарсад мебошад.
Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии «Islam.ru»дар миёнаи соли 2010 муассисаи Пио тахмин зад, ки ҷамъияти мусалмонон ҳудуди 1.57 милиорд нафар аст, ки 22 дарсади ҷамъияти ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва пешбини мешавад, ки то 20 соли оянда ҷамъияти мусалмонони ҷаҳон 35 дарсад афзоиш ёбад.
Ислом дуввумин дини бузурги ҷаҳон аст ва баъда аз масеҳият, ки 2 милиорд пайрав дорад ва 33 дарсади ҷамъияти ҷаҳонро ташкил медиҳад, қарор гирифта аст.
Бахши дину зиндагии умуми муассисаи пажуҳиши Пио унвон кард: “Ислом пурсураттарин дин дар ҳоли рушд дар Европа аст ва теъдоди мусалмонони Европа дар 30 соли гузашта се баробар шуда аст. Бисёри ҷамъиятшиносон пешбини мекунанд, ки ҷамъияти мусалмонон дар даҳаҳои пеши ру баробар ё болотар аз ҷамъияти масеҳиён шавад.”
Бинобар оморҳои соли 2011 беш аз 74 дарсади мусалмонони ҷаҳон дар 49 кишвар зиндаги мекунанд, ки аксарият мусалмононро доранд. Беш аз як панҷуми мусалмонон яъне 23.3 дарсад низ дар кишварҳои ғайри исломи дар ҳоли тавсеа зиндаги мекунанд. Ин ақалиятҳои мусалмонон низ умдатан ҷамъияти қобили таваҷуҳе дорад.
Дар Европа ба таври кулли, саҳми мусалмонон аз ҷамъият то 20 соли оянда ба як севуми кулли ҷамъият мерасад ва пешбини мешавад, ки ҷамъияти Европа то соли 2030 ба ҳудуди 60 милион нафар бирасад.
Дар Олмон, ҳар сол ҳудуди 4 ҳазор нафар ба дини ислом мегараванд дар ҳоле, ки ин омор дар солҳои 1990, соле 300 тоза мусалмон буд. Бо вуҷуди ин камтар аз як дарсади ҷамъияти 3.3 милион нафари мусалмонон Олмонро тозамусалмонон ташкил медиҳанд.
Дар Фаронса, бинобар гузориши хабаргузориҳои фаронсави мунташир шуд, ҳудуди 30 то 50 ҳазор тоза мусалмон вуҷуд дорад. Бештари мусалмонони Фароса шаҳрванди фаронсави ҳастанд ва ислом дуввумин дини бузурги ин кишвар аст.
Дар Англия ақалият мусалмон ҳудуди 2.7 дарсади ҷамъияти 60 милионии ин кишварро ташкил медиҳанд ва омори дақиқе аз теъдоди тоза мусалмонон дар даст нест. Аммо рӯзномаи Индепендент унвон кард ки теъдоди англияҳое, ки ба дини ислом мегараванд, дар солҳои ахир ду баробар шуда ва солона ҳудуди 5 ҳазор нафар мусалмон мешаванд.
Икно