Аъзои панҷумин конграи идораи руҳонияти мусалмонони Қириқизистон, муфти ва аъзои нави шурои уламои ин кишварро интихоб карданд.

Ба гузориши хабаргузории форс дар Душанбе, дар панҷумин конграи идораи руҳонияти мусалмонони Қирқизистон, муфтии нави ин кишвар ба иттифоқи оро таъин шуд.

Дар гузориши хабари идораи руҳонияти Қирқизистон дар матлабе эълом кард ки дирӯз 5 март дар маҳалли идораи рӯҳонияти ин кишвар бо ҳузури 200 нафар аз аъзои намояндагони маҳалли ва вилоятии Қирқизистон, барои интихоби муфтии нав раъйгири сурат гирифт.

Бар асоси ин раъйгири, Ҳоҷи Мақсад Такту Мушеф ба унвони муфтии нави Қирқизистон расман интихоб шуд.

Дар ин нишаст ҳамчунин аъзои нави руҳоният ва намояндагони шурои уламои Қирқизистон низ таъин шуданд.

Форс

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст