Ҷавонони фаластинӣ бо ҳамла ба қароргоҳи нерӯҳои амниятии режими саҳюнистӣ дар саҳни Масҷидулақсо онҳоро фирорӣ доданд.
Ба гузориши хабаргузории Алолам, ҷавонони шаҳри Қудс дирӯз муқобили дарвозаи Аломуд, ки яке аз понздаҳ дарвозаи Қудс ба ҳисоб меояд, дар эътироз ба манъи онҳо аз иқомаи намоз дар Масҷидуақсо назоҳурот карданд.
Низомиёни режими саҳюнистӣ рӯзи ҷумъа аз вуруди фаластиниҳои зери 50 сол ба Масҷидулақсо ҷиҳати иқомаи намози ҷумъа ҷилавгирӣ мекарданд ва онҳоро ба масҷид роҳ намедоданд.
Марказ иттилоърасонии Фаластин ба нақл аз шоҳидони айнӣ таъкид кард, ҷавонони фаластинӣ пас аз баргузории тазоҳурот аз дарвозаи Алмаҷлис вориди саҳну сарои Масҷидулақсо шуданд ва қароргоҳи нерӯҳои амниятии режими саҳюнистиро, ки дар ин саҳн эҷод шудааст сангборон карданд, ки нерӯҳои ин қароргоҳ аз дарвозаи дигар по ба фирор гузошта ва онҷоро тарк карданд.
Гурӯҳе аз ҷавонони фаластинӣ чанд рӯзи пеш ҳам дар ҷанозаи пайкари шаҳрванди 47 солае ба номи Ҷиҳод Аттавил, ки дар яке аз зиндонҳои режими саҳюниситӣ ҷон дода буд, маркази полиси ин режимро дар наздикии дарвозаи Аласбот ба оташ кашида буданд.