Эътирози шадиди Алазҳар ба ҳуҷуми саҳюнистҳои тундрав ба масҷидул ақсо

Аҳмад Тайиб, шайхи Алазҳар дирӯз бо судури баёнияе, ҳуҷуми саҳюнистҳои тундрав ба масҷидул ақсоро маҳкум кард.

Ба нақл аз пойгоҳи рӯзномаи “Алмисрул явм”, шайхи Алазҳар дар ин баёния таъкид кард: “Ҳокимияти саҳюнистҳо бар масҷидул ақсоро ба ҳеҷ унвон намепазирем, зеро ин корҳои саҳюнистҳо сулҳи ҷаҳониро ба хатар меандозанд.”

Аҳмад Тайиб дар ин баёния зимни маҳкумияти ҳуҷуми саҳюнистҳои тундрав ба масҷидул ақсо, маротиби эътирози шадиди Алазҳар нисбат ба талоши саҳюнистҳо барои тасаллут бар ин масҷидро эълом кард.

Вай дар идома аз давлатҳо ва кишварҳои арабӣ ва исломӣ ва тамоми озодагони ҷаҳон хост мавзеъе ҷидди дар қиболи таҷовузҳои охири тундарвҳои исроили ба масҷидул ақсо ва муқаддасоти исломи иттихоз кард.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст