Анҷуманҳои ҳуқуқи башари Чад куштори мусалмонон дар Африкаи Марказиро маҳкум кард.

Анҷуманҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари ҷумҳурии Чад, дирӯз, 25 феврал бо интишори бёнияе, куштори бераҳмонаи мусалмонони Африкаи Марказӣ тавассути ифротгароёни масеҳиро маҳкум кард.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии «alwihdainfo», анҷуманҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Чад дар ин баёния зимни тарҳи ин савол, ки чаро шаҳрвандони Африкаи Марказӣ дар чунин вазъияте гирифтор шудаанд, унвон кард:

“Мардуме ки то дирӯз ба хуби дар канори ҳам зиндаги мекарданд имрӯз дар як даргирии хунин гирифтор шудаанд; мардуме, ки силоҳ намешинохтанд имрӯз мусаллаҳ шудаанд то ҳамсоягони мусалмони худро ба қатл бирасонанд. Ба рости дар Африкаи Марказӣ чи рӯй дода аст?”

Дар идомаи ин баёния омада аст: “Анҷуманҳои дифоъ аз ҳуқуи башари Чад хушунатҳо дар Африкаи Марказиро маҳкум мекунанад ва аз ҷомеаи байнналмилали мехоҳанд, ки ҳарчи зудтар иқдомҳои амали барои наҷоти мусалмонон ва мутавақиф кардани куштори шаҳрвандони бедифоъ анҷом диҳанд.”

Ҳамчунин дар бахши дигаре аз ин баёния, анҷуманҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Чад зимни интиқод аз давлат барои таътили созмонҳои ғайри давлати исломӣ дар ин кишвар, аз мақомҳои давлати хоста шуда то ба ин раванд поён диҳанд ва ба ҷои мутавақиф кардани фаъолияти чунин ниҳодҳое, аз онҳо ҳимоят кунанд то гоме дар ҷиҳати рушди ҷомеа бардошта шавад.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст