Баргузории мусобиқаи интихоби беҳтарин имоми ҷамоат дар Татаристон

Мусобиқаи интихоби беҳтарин имоми ҷамоат дар Татаристон бо унвони “имом ҷамоати сол” барои аввалин бор дар ин кишвар баргузор мешавад.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии «RuPaper», дар ин мусобиқот ҳамаи минтақаҳои Татаристон номзадҳои худро аз миёни имоми ҷамоатҳо муаррифӣ мекунанд, сипас аз тариқи назарпусрсӣ ва "смс" дар тули сол, беҳтарин имоми ҷамоати Татаристон интихоб мешавад.

Барандаи ин мусобиқот аз сӯи идораи умури маънавии мусалмонон (муфтиёт)-и Татаристон роҳии сафари маънавии ҳаҷ хоҳад шуд.

Ҳамаи 1373 имоми ҷамоат ва 1523 масҷид дар ҷумҳурии Татаристон вуҷуд доранд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар сли 1990 танҳо 100 масҷид дар ин кишвар вуҷуд дошта аст. Дар бист соли гузашта теъдоди созмонҳои исломь ва масҷидҳои Татаристон ба шиддат афзоиш ёфта аст.

Аксарияти ҷамъияти 3.8 милион нафарии Татаристонро мусалмонон ташкил медиҳанд.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст