Ҳадяи 10 ҳазор нусхаи Қуръон аз сӯи Марокаш ба масҷидҳои Мали
Подшоҳи Марокаш 10 ҳазор нусхаи Қуръони Карим барои пахш дар масҷидҳои ҷуҳмҳурии Малӣ ба масъулони ин кишвар ҳадя кард.
Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии “Алмағрибия”, Малик Муҳаммади шашум, подшоҳи Марокаш ва Иброҳим Бубакр Кито, раиси ҷумҳури Мали бо ҳамдигар дидор карданд.
Подшоҳи Марокаш дар поёни ин дидор, 10 ҳазор нусхаи Қуръон барои пахш дар масҷидҳои ҷумҳурии Малӣ ба масъулони умури динии ин кишвар ҳадя кард.
Ин Қуръонҳо дар муассисаи интишори Қуръони “Муҳаммад Содис” Марокаш ба ривояти “Варш ибни Нофеъ” чоп шуда аст ва қарор аст дар масҷидҳои Малӣ пахш шавад.
Ин теъдод Қуръон дар ростои амал ба тавсеяҳои подшоҳии Марокаш барои фароҳам кардани масҷидҳои Африка ба Қуръон, барои нахустин бор дар ихтиёри масъулони ҷумҳурии Малӣ қарор гирифт.
Манбаъ: Икно