Ҳамоиши байналмилалии "Хатари андешаи такфирӣ дар кишвар Миср баргузор мешавад.
Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии “Бавобатун нюз” вазорати авқофи Миср аз 150 нафар аз шахсиятҳо ва вазирҳои мисрӣ барои ҳузур дар ин ҳамоиш даъват ба амал оварда аст ва ин ҳамоиш ба муддати 2 рӯз идома пайдо хоҳад кард.
Шурои олии умури исломии Миср низ дар баргузории ин ҳамоиш, ки бо назортаи Адли Мансур, раиси ҷумҳури муваққати Миср оғоз мешавад, ҳамкорӣ дорад.
Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, вазири авқофи Миср дар суханоне изҳор кард: Гурӯҳе аз намояндагони кишварҳои арабӣ - иcломӣ ва африкаӣ ва шахсиятҳои барҷастаи байналмилалӣ барои ширкат дар ҳамоиш даъват шудаанд.
Муҳаммад Мухтор Ҷумъа дар идома афзуд: Мавзӯъи ҳамоиш мавзӯъе аст, ки ин рӯзҳо барои муқобила бо андешаҳои такфирӣ ва фатвоҳои ҳисоб нашуда ба шидддат ба он ниёз дорем.
Хотиррасон мекунем, ки ин ҳамоиш дар 24 феврали 2013 баргузор мешавад.