Бартаринҳои ҳабдаҳумин давраи мусобиқоти саросарии ҳифз ва қироати Қуръони Кувейт, чоршанбе, 19 феврали 2014 дар маросиме бо ҳузури шайх Сабоҳ Аҳмад Ҷобир Сабоҳ, амири Кувейт қадрдонӣ шуданд.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии «KUNA»،  ин маросим тавассути вазорати авқоф ва умури исломии Кувейт, дар кохи “Баён” и ин кишвар баргузор шуд.

Вазири додгустарии Кувейт дар суханоне дар ин маросим изҳор дошт:

“Ин барнома барои ҳабдаҳумин соли пай дар пай ба манзури қадрдонӣ аз ҷавонони фаъол дар риштаҳои ҳифз ва қироат дар ин кишвар баргузор шуд.”

Вай афзуд: “Беш аз 2600 нафар дар ин давра аз мусобиқот ширкат карданд, ки аз ин теъдод 1767 нафар ба марҳилаи ниҳои роҳ ёфтанд.

Абдулмуҳсин Ҷоруллоҳ Харофӣ, дабири бунёди авқофи Кувейт, низ аз ин афзоиши теъдоди занони ширкаткунанда дар ин рақобатҳо изҳори хурсандӣ кард.

Дар ин маросим аз 173 нафар дар ду гурӯҳи занон ва мардон ба унвони нафароти бартари ин мусобиқот қадрдонӣ мешавад.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст