Шаҳри Амбоики Африкаи Марказӣ танҳо як бозмондаи мусалмонон дорад.
Гузориши рӯзномаи Франсияи аз наслкушии мусалмонон дар Африкаи Марказӣ хабар дод.
Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии «lemonde» Амбоики дуюмин шаҳри бузург ва пурҷамъияттарини Африкаи Марказӣ аст, ки то пеш аз оғози даргириҳо, ҳудуди се ҳазор мусалмон дар онҷо зиндагӣ мекарданд, вале ба далели ҳамлаҳои гурӯҳҳои ифротии масеҳӣ, маҷбур ба тарки хонаҳои худ ва рафтан ба шаҳрҳои атроф шудаанд.
Солеҳ Диду корманди шаҳрдори Амбоики ва танҳо бозмондаи мусалмонон дар ин шаҳр аст, ки илова бар таҳдидҳои ифротгароёни масеҳӣ, ҳозир ба тарки хона ва шаҳри худ нест. Вай дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Лемонде такид мекунад: Ман инҷо ба дунё омадаам ва бузург шудаам, панҷ сол аст, ки дар шаҳрдорӣ машғул ба кор ҳастам ва ба унвони як ватанпараст ҳеҷгоҳ шаҳр ва кишварамро тарк нахоҳам кард.
Чоршанбеи гузашта, президенти Африкаи Марказӣ ба ҳамроҳи вазири дифоъ Франсия аз шаҳри Амбиоки боздид кард. Рӯзномаи Лемонде бо баёни инки ин дидор бо як сӯи тафоҳум ва ҳатто як дуруғ ҳамроҳ буд, гузориш дод, ки неруҳои низомии ҳозир дар ин шаҳр ба мақомоти сиёсӣ эълом карданд, ки шаҳрвандони Амбиоки ба сурати мусолиматомез дар канори ҳам зиндагӣ мекунанд ва вазири дифои Франсия низ ин зиндагии сулҳомезро сутуд!