Намоишгоҳи "Китоб ва Қуръон" бо шиори "китоб, калиди доноӣ" дар Доко, поитахти Бангладеш оғози ба кор кард.
Ба гузориши маркази хабар ва иттилоърасонии Ҷомеат-ул-мустафо, ин намоишгоҳ бо мушорикати се муассисаи интишоротӣ ва донишкадаи забони форсии донишгоҳи Доко дар ҳоли баргузорӣ аст.
Дар ин намоишгоҳ илова бар ҳизорҳо ҷилд китоб ва теъдоди зиёде аз Қуръонҳои зебо бо чопҳои зинатӣ, тоблуҳо ва асарҳои ҳунарии арзишманде ҳам ба намоиш гузошта мешавад.
Ёдовар мешавад, ки ин намоишгоҳ дар маҳалли ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Доко то наврӯз ба кори худ идома дода ва пазирои алоқамандон хоҳад буд.