Э. Раҳмон асри имрӯз (15/6/2019) дар Душанбе истиқбол аз Рӯҳониро бо гуфтани иборати “Ба ватани дувуми худ хуш омадед!” оғоз кард. Раисҷумҳури Эрон барои ширкат дар иҷлоси СИКА рӯзи Ҷумъа ба Душанбе сафар кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт: Ҷаноби оқои Рӯҳонӣ, меҳмони гиромӣ, ҳузури шуморо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонаи дувуматон хуш омадед мегӯям ва бори дигар барои ширкати фаъолона дар иҷлоси имрӯзи СИКА ташаккур мекунам. Ширкати шумо ба маънои ҳимоят аст ва боварии комил дорам, ки муносиботи мо дар чорчуби ин созмон густариш хоҳад ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам посух дод, ки худро дар ватан эҳсос мекунад ва омодаи беҳбуди муносибатҳои дуҷониба аст.
Ду раисҷумҳур баъд аз чор сол фазои сард миёни ду кишвар якдигарро дар оғӯш кашиданд ва бар беҳтар шудани муносибатҳо таъкид карданд.
Рӯҳонӣ баргузорӣ ва мизбонии иҷлоси СИКА-ро дар Душанбе муҳим ва онро заминасози суботу ваҳдат миёни кишварҳо донисту изҳор дошт: “Бар ин боварам, ки ин сафар мояи амиқтар шудани равобити ду кишвари мусулмон, дӯст ва дорои алоқаҳои бисёр зиёди Эрон ва Тоҷикистон хоҳад шуд.
Раисҷумҳури Эрон ибрози умедворӣ кард, ки равобити байни ду давлату ду миллат рӯз ба рӯз бештар шавад ва ду кишвар шоҳиди ҳамкориҳои бисёр арзишманд ба нафъи ду миллат ва ба нафъи минтақа бошанд.
Сипас Раҳмон ва Рӯҳонӣ ва ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Эрон ба баҳсу баррасии вазъияти ҳамкориҳои дуҷониба пардохтанд.
Дар ин мулоқот вазирони умури хориҷа, дороӣ, ҳамлу нақл, обу энержӣ ва раиси КДАМ-и ҶТ ҳузур доштанд.
Баъд аз гузар аз як давраи сахту сарди равобит дар асари авомили дарунӣ ва берунӣ ду тараф майл ба барқарории равобит ва эҷоди заминаҳои муносиб барои ин масъала доранд. Таъини сафирони нав ва аз мақомоти баландпояи вазоратҳои хориҷаи ду кишвар ва сафарҳои мақомоти ду кишвар баъд аз он нишонаи азми ҷиддӣ барои ҳалли сӯитафоҳумҳо аст.