Дар Тоҷикистон бино ба эъломи назари Маркази исломӣ рӯзи панҷуми июни 2019 рӯзи иди саъиди Фитр аст. Мӯъминону мусулмонон баъди як моҳ рӯзадорӣ ва итоату бандагӣ иди саъиди Фитрро бо баргузории намози бошукуҳ таҷлил мекунанд.
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт
Фаро расидани иди саъиди Фитрро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон махсусан мусулмонони Тоҷикистон табрик ва таҳният арз мекунем ва аз Худои Мутаол мехоҳем, ки рӯзаву намоз ва тиловати Қуръону бандагии мусулмононро дар ин моҳи шариф ба наҳви аҳсан бипазирад ва ҳамаро машмули раҳмату мағфират ва озодӣ аз оташи ҷаҳаннам намояд. Худоё, ба баракати ин моҳу иди шариф ҳамаи мусулмононро дар анҷоми бандагӣ тавфиқ ато кун ва онҳоро аз дасти золимону мустакбирон наҷот деҳ ва душманони дину ҳидоятро агар қобили ҳидоят нестанд хору расво ва нобуд гардон! Парвардигоро, гузаштагону асирони хокро биёмурз ва муҳоҷирону ғарибонро солим ба ватан баргардон, беморонро шифо деҳ ва зиндониёни ба ноҳақро озод гардон ва ҳамаро ба мақсадҳои шаръӣ ва ба салоҳашон бирасон!
Ёду хотираи шаҳидони мазлуми Рамазони имсол, махсусан махдуми Абдусаттор, эшони Қиёмуддин ва шайх Темурро гиромӣ медорем ва барои онҳо аз Худои меҳрубон раҳмату мағфират ва барои бозмондагонашон сабру аҷр металабем. Интизор меравад омилони ин ҷиноят шиносоӣ ва муҷозот шаванд ва шоҳиди такрори чунин бемасъулиятӣ ва нотавонӣ дар ҳифзи ҷони шаҳрвандон ва ҷинояткорӣ набошем.