Дар чанд рӯзи ахир боло бурдани нархи интернет ва хадамоти мобилӣ сарусадои мардуми камбизоат ва ранҷдида махсусан муҳоҷирони меҳнатиро, ки маҷбурӣ барои ба даст овардани як луқма нон ранҷу дард ва дурӣ аз наздикони худро таҳаммул мекунанд боло бурд. Аксарияти шаҳрвандони кишвар дар дохил ва берун аз кишвар ба ин иқдоми насанҷида ва дардисарсоз эътироз карданд. Онҳо бо суханронӣ, навиштани нома, имзои дастаҷамъӣ ва навиштаҳову аксҳои худ аз ҳар минбаре, ки метавонистанд истифода карданд. Яке аз хостаҳои муҳимми мардум дахолати президенти кишвар буд то ин нархҳо бекор карда шаванд. Инак бар асоси гузориши расонаҳо ба нақл аз хадамоти матбуоти президент шоми 23 апрели 2019 раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки нархи истифодаи интернет ва қимати таърифаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳоли аввал баргардонда шавад ва нисбати мақомоте, ки ба ин кор роҳ доданд чораҷӯӣ шуд.
Умед аст он чӣ амалӣ мешавад ба суди мардуми ранҷкашида ва дардманди миллати тоҷик бошад.