Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода рӯҳонӣ ва чеҳраи шинохта ва муътабари динӣ-сиёсии Тоҷикистон 65-сола шуд. Ин муносибатро ба ишон ва хонаводаи бобаракати Тураҷонзодаҳо ва ҳамаи алоқамандони ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода табрик ва таҳният мегӯем ва барояшон аз Худои донову тавоно саломатӣ, амният ва муваффаққияту саодат мехоҳем.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода 16 феврали 1954 дар деҳаи Ваҳдатободи ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Падараш эшони Тӯраҷон яке аз пешвоёни равияи Қодирияи тариқати тасаввуф дар Тоҷикистон шумурда мешуд ва дар Узбекистону Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ ҳазорон мурид дошт.
Баъд аз таҳсили мактаби миёна ва маорифи динӣ назди падари донишманди худ таҳсилоти динии худро дар Бухоро ва Тошканду Урдун аз соли 1972 то 1987 ба сатҳи маълумоти олӣ расонд ва ба тадрис машғул шуд.
Дар соли 1988 дар 34-солагӣ қозии мусулмонони Тоҷикистон шуд. Аз он ба баъд ба унвони қозӣ маъруф шуд.
Дар ҳаводис ва ҳаракатҳои солҳои навадум дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт ва бо ҳузуру талоши зиёд дар муҳимтарин масоил аз ҷумла музокирот ва ба натиҷа расидани созишномаи "Сулҳи тоҷикон" ҳамроҳи марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ саҳми ғайри қобили инкор гузошт. Муддате дар Афғонистон ва баъд ҶИЭ буд. Соли 1998 ба кишвар баргашт ва то 2010 дар мақомҳои гуногуни сиёсӣ хидмат кард.
Соли 2012 масҷиди "Муҳаммадия”, ки Тӯраҷонзодаҳо дар Ваҳдатобод сохта буданду ба он Эшони Нуриддинҷон, бародари Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода имоматӣ мекард, бо баҳонаи баргузории маросими Ошӯро, ки ба "фитнаи муфтӣ ва мақомот" маъруф шуд бо ҳукми додгоҳ баста шуд. Ин масҷид то баста шуданаш яке аз пуртарафдортарин масҷидҳои кишвар ба шумор мерафт ва ҳар рӯзи ҷумъа барои адои намоз ва шунидани мавъизаҳои Эшони Нуриддинҷону бародари хурдиаш Эшони Маҳмудҷон ҳазорон нафар аз саросари Тоҷикистон ба масҷиди "Муҳаммадия” меомаданд.
Соли 2013 дар канори ҳизбу шахсиятҳое аз номзадии Ойниҳолова пуштибонӣ кард. Ин масъала ӯро бори дигар расонаӣ кард.
Бори охир чанде пеш номи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва бародари бонуфузаш эшони Нуриддинҷон ба муносибати намози ҷанозаи хушдомани ишон расонаӣ ва хабарӣ шуд. Дар ин маросими ғам намояндаи танзими ноҳия ба ишон ҳушдор дод, ки бар асоси супориши мақомоти боло шумо ва бародаратон эшони Нуриддинҷон ҳаққи имоматии ин намози ҷанозаро надоред. Саранҷом писари марҳума имоми намози ҷанозаи модар шуд. Бар асоси хости мақомот аз гирифтани филму сурат ҳам ҷилавгирӣ шуд.
Ин чеҳраи маъруфи динӣ-сиёсии Тоҷикистон, ки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ҳам шинохта шудааст, дар робита бо мавзӯоти рӯзи ҷомеа ва масоили динӣ соҳиби чандин асар аст.
Бори дигар 65-солагӣ муборак бод, ҷаноби Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода!