Э. Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба Ҳ. Рӯҳонӣ раисҷумҳури Эрон, 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро ба давлат ва мардуми Эрон табрик гуфт.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ ба раисҷумҳури Эрон, бо таъкид бар дастовардҳои чашмгири ҶИЭ дар солҳои гузашта тасреҳ карда, ки Тоҷикистон алоқаманд ба таҳким ва густариши ҳарчи бештари муносиботи суннатӣ бо Эрон аст.
Вай дар паёми худ ҳамчунин барои мардуми Эрон саломатӣ ва муваффақият орзу кардааст.
Ёдоварӣ:
Инқилоби Исломӣ дар Эрон дар таърихи 22 Баҳмани 1357ҳ.ш. (11/2/1979) бо раҳбарии рӯҳи Худо имом Хумайнӣ ва ҳузури миллионии мардуми Эрон ба пирӯзи расид. Замоне ки имом Хумайнӣ рӯзи 12 Баҳмани 1357 аз Фаронса, ки табъид буд баргашт 5 миллион аз ӯ истиқбол карданд. Инқилоби Исломӣ дар Эрон бар ҳукумати диктатории 53 соли паҳлавӣ хотима дод. Имом Хумайнӣ баъд аз 10 раҳбарии низоми ҶИЭ ба раҳмати Худо рафт. Ҷанозаи ӯро 9 миллион нафар ҳамроҳӣ карданд. Баъд аз ишон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ то кунун раҳбари Инқилоб ва низоми исломии Эрон аст. Дар ин муддат ҶИЭ бо вуҷуди таҳримҳо ва таҳдидҳои золимонаи мустакбирон ба дастовардҳои муҳим ва зиёде даст пайдо кардааст, ки ҷаҳониёнро шигифтзада намудааст.
Имсол чиҳилумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон буд, ки бо ҳузури чандин миллионии мардуми Эрон бо вуҷуди ҳавои боронӣ ва барфӣ ҷашн гирифта шуд.
22 Баҳмани 1357 – 22 Баҳмани 1397 мувофиқи 11/2/1979-11/2/2019
Мо ҳам ин ҷашни пирӯзиро ба низом ва мардуми шарифи Эрон ва ҳамаи мусулмонон ва озодагони ҷаҳон табрик мегӯем ва умедворем равобити ҶИЭ ва ҶТ гарму пойдор шавад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст