Муддатҳост, ки бархе ба фикри маҳдуд кардани озодиҳои динӣ, миллӣ ва шаҳрвандии миллат ҳастанд ва бо зӯру зару тазвир талош доранд, аммо озодагоне ҳам ҳастанд, ки бо қаламу садои худ фарёди ҳақхоҳӣ баланд мекунанд. Файзинисо Воҳидова яке аз онҳост. Навиштаи зер охирин матлаби ӯ ва насиҳатномаву васиятномаи ӯст, ки тақдим мегардад:
Агар воқеъан ин тасмими давлат ҷиддӣ аст, пас чунин маҳдудкуниҳо дағалона вайрон кардани ҳуқуқи занон ба озодии интихоби либос ва озодии эътиқод ба хисоб меравад. Ба назар чунин мерасад, ки ҳаёти осоишта, суботи ҷомеъа ва тинҷиву амонӣ монеъи пешрафт, рушди иқтисод, боло бардоштани сатҳи иҷтимоии мардум бошад. Бо амалу қонуни ғайриқонунӣ, беназмиву бедодгарӣ мардумро ба ифротшавӣ тела медиҳанд. Мақомот бо эҳсосоти мардум, озодии эътиқод бозӣ мекунад.
Агар либоси занон, рӯсарии модарон бадбахтии ҷомеъа бошад, сабабгори касод шудани иқтисод, фисқу фасод, набудани ҷойҳои корӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фирори шаҳрвандон, халалдор шудани амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, сарчашмаи хатар, терроризму экстремизм бошад, ман розӣ ҳастам ки пурра пӯшидани рӯсарии занонро аз рузи таваллуд то марг манъ кунанд. Ҳама сари луч кунанд, вале бо як шарт: Аз Тоҷикистон ва Конститутсияаш истилоҳи «демократия», «давлати ҳуқуқбунёд, ягона ва демократӣ» хориҷ карда шавад. Наметавонам пешниҳоде дошта бошам, ки бар ивази «демократия» Тоҷикистон ва сохти давлатдориву идорааш чӣ гуна бошад. Чунин сохт ҳоло вуҷуд надорад.
Мо аз СССР ёд мекунему хеле интиқод, вале давлати шӯравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард. Дар замони шӯравӣ модарам ба корхонаи давлатӣ бо рӯймоли дуқабата ворид мешуданд, аз зер рӯймоли майда ва аз болои он бо рӯймоли калон гардану китфи худро пинҳон мекарданд. Дар вақташ намози худро адо мекарданду, рӯза мегирифтанд. Ҳамаи идҳои исломиро ҷашн мегирифтанду ҳар сол дар рӯзҳои мавлуди Паёмбарамон (с.а.в) занҳои маҳалларо ҷамъ карда мавлудхонӣ мекарданд.
Эрон давлати исломӣ мебошад, занҳояш сатрпӯшанд, аммо дар коркарди уран ва технологияи навини замонавӣ ва аз бисёр ҷихат яке аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон мебошад. Шаҳри Давҳаи Қатарро дар болои санг сохтанд, вале занхояш сад дар сад сатрпӯшанд. Мо аз Малайзия пешрафтаем? Дар Афғонистони ҷангзада занҳои сатрпӯш вазиру сафир ва вакили парлумон ва ҳатто халабон мебошанд.
Мақомот як бор ба хатогии бузург дар солхои 2014-2017 рох дод. Милиса риши мардумро метарошид. Сатри занонро иҷборан кашиданд. Мубориза бо терроризму ифротгароӣ гуфтанду гунахгору бегуноҳро зиндон карданд. Муосидат намуданд, ки дар дили мардум бадбинӣ нисбат ба ҳукумат пайдо шавад. Тарсро байни мардум ҷорӣ карданд ва ҳазорҳо шаҳрвандон аз кишвар фирор карданд. Ҳамарӯза дар толори додгоҳ даҳҳо экстремист таваллуд мешуд, пайвандонашон аз шиканҷаву ба нерӯи барқ пайваст кардани онхо нақл мекарданд. Оқибат чӣ шуд? Сафи ифротиҳо зиёд гардид. Хусумат, нафрати мардумро нисбат ба ҳукумат зиёда карданд. Ошӯби зиндониён низ идомаи ҳамин зулму истибдод буд. Дар урфият мегӯянд, нобино як бор асояшро гум мекунад.
Ман даъват ба амал меорам, ки роҳбарон, мансабдорон, дигар асоятонро гум накунед. Сабр ҳам меъёр дорад. Вақте ки зарф аз об пур мешавад, мерезад.
Тоҷикистон омбудсмен дорад. Институти ваколатдор оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон. Ҳимояи ҳуқуқи давлат не, чиновнику вазирон не, шаҳрвандон мебошад. Чаро баҳри дифои ҳуқуқи занон садо баланд намекунад? Ё ҳифзи ҳуқуқи мардум ҳам бо супориш ва ишора аз боло? Раиси кумитаи занҳо, ки ҷавон нест ва дар ин дунё касе сутун намешавад, бояд шарм дорад. Ба ҷои он ки аз ҳуқуқи занҳо дифоъ кунад, баръакс аз ҳар як амали ҳукумат ҷонибдорӣ мекунад. Бо ин лучгардию динситезиву исломбехабарӣ то куҷо меравад? Бигзор худаш нимурён бошад, вале вазифадор аст аз ҳуқуқи занҳо, эътиқоди онҳо, озодии виҷдон ҳимоя намояд.
Ин бахше аз суханони пур аз дарди адвокати шинохтаи тоҷик Файзинисо Воҳидова аст, ки рӯзи 17 декабр дар Фейсбук дар маҳкумияти касоне навиштааст, ки қасди бозӣ бо номуси миллатро доранд.
Рӯзи 24 декабр, вақте Файзинисо Воҳидова дар бемористон буд, кормандони амният ӯро барои ҳамин матлаб дурудароз бозпурсӣ, ё ба қавле "тергав” карданд. Соате чанд баъд аз ин бозпурсӣ аҳволи Файзинисо Воҳидова якбора бад шуд ва ӯро ба реаниматсия бурданд.
Шаби 4 январ Файзинисо Воҳидова дар синни 55 дар бемористон аз олам чашм пӯшид..., аммо ҳушдори ӯ мондагор шуд!
Худованд сафари абадӣ ва охирати ӯро осон гардонад!
Худованд сафари абадӣ ва охирати ӯро осон гардонад!