Бо фаро расидани мавсими ҳаҷ, нахустин ҳавопаймои ҳомили 185 зоири тоҷикистонӣ имрӯз аз фурудгоҳи Душанбе ба Ҷадда парвоз кард
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар маросими оғози расмии эъзоми зоирони тоҷик Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон ва Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Боди, сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе ҳузур доштанд.
Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, Арабистон барои афзоиши имконоти пазироӣ аз зоирони тоҷик талош хоҳад кард.
Қимати сафари ҳаҷ барои зоирони тоҷик имсол 32 ҳазору 600 сомонӣ, баробар бо 3 ҳазору 700 доллар таъйин шудааст.
Имсол 6 ҳазору 400 шаҳрванди тоҷикистонӣ ба зиёрати Хонаи Худо ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи Мунаввара сафар мекунанд.
Охирин гурӯҳи зоирони тоҷик 26-уми август ба Макка хоҳанд рафт.
Парвози зоирони тоҷик бо ҳамкории ширкатҳои ҳавоии дохилии “Тоҷик Эйр”, “Сомон эйр” ва ширкатҳои ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ сурат мегирад.
Манбаъ : радиои тоҷики
Аввалин парвози ҳоҷиёни тоҷик
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 1037