Бархе сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки бо музди меҳнаташон дар даҳсолаҳои оянда харидани манзил дар пойтахт имконнопазир аст.
Ахиран, ширкати австролиёии Assured Removalists таносуби нархи хона дар кишварҳои ҷаҳонро бо маоши миёнаи сокинонашон муқоиса кард ва хариди хонаро дар Тоҷикистон бо маош амалан номумкин хонд. Ба иттилои ин ширкат, сокинони Тоҷикистон бояд 33 сол музди миёнаи меҳнатро ҷамъ кунанд, то манзил бихаранд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин “Озодагон” дар кӯчаҳои Душанбе аз сокинони пойтахт пурсид: “БО МАОШАТОН ДАР ЧАНД СОЛ ХОНА МЕХАРЕД”?
Бештари пурсидашудаҳо гуфтанд, ки бо музди меҳнати онҳо хариди хона мумкин нест.
Ба гуфтаи бархе назардодаҳо ҳақмузди онҳо ҳатто барои зиндагии якмоҳа кифоят намекунад, чӣ расад ба пасандоз кардану хона харидан.

Иддаи дигар гуфтанд, ки агар тамоми маоши худро пасандоз кунанд дар давоми 10-15 ё 30-35 сол метавонанд дар пойтахт хона бихаранд.
Озодагон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст