Дар ин авохир мавзӯи буҳрони кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс дар сархати расонаҳо қарор гирифт, ки ҳамчун “буҳрони қатарӣ” маъмул шуд. Иршод Сулаймонӣ дар ин маврид ва мушкилоти дигари ҷаҳони Ислому перомуни равобити Арабистони Саудӣ бо Тоҷикистон бо сафири ин кишвар дар Тоҷикистон, ҷаноби Абдулазиз бин Муҳаммад Албодӣ мубоҳисае орост.
Озодагон: Ҷаноби сафир, имрӯз яке аз доғтарин мавзӯоти расонаҳо буҳронест, ки дар ҳавзаи кишварҳои Халиҷи Форс ба вуҷуд омад ва он ҳамчун “буҳрони Қатар” маъмул шуд. Назари шумо дар маҷмӯъ ба заминаҳои ба вуҷуд омадан ва паёмадҳои ин буҳрон чист?
Муҳаммад Албодӣ: Сабабҳо ва ангезаҳои ин буҳрон, мисле ҳама медонанд сиёсатҳои нодурустест, ки раҳбарияти давлати Қатар имрӯз пеш гирифтааст. Ва дурӣ ҷустану риоят накардани ин кишвар аз масъулият ва ӯҳдадориҳоест, ки дар доираи Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои Халиҷ дорад. Вақте ин гуна масъулиятҳо ва ӯҳдадориҳояшро иҷро накард, мутаассифона чунин буҳрон сар зад. Бино бар ин Арабистони Саудӣ, ба хотире ки Қатар ба чунин ихтилофот роҳ дод, равобити дипломатӣ, иқтисодӣ ва дигар равобиташро қатъ намуд. Ва дар баробари ин, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ боз таъкид ҳам мекунад, ки мардуми Қатар бо мо бародар ҳастанд, ҳамхун мебошанд ва мо ҳеҷ гоҳе онҳоро мавриди азияту муҷозоте қарор нахоҳем дод. Фикр мекунам ҳаллу фасли ин буҳрон хеле осон ҳам ҳаст. Бояд давлати Қатар ба тааҳҳудоти худ вафодору пойбанд боқӣ бимонад ва аз сиёсатҳои душманонаи худ дар баробари Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳои ҳамсоя даст бикашад.
Озодагон: Аз назари Шумо сиёсатҳои душманона ва нопойбандии давлати Қатар ба ӯҳдадориҳое, ки мегӯед кадоманд?
Муҳаммад Албодӣ: Дар фурсатҳои наздик як баёнияе, ки давлати Қатар бояд чӣ кунад, то ин буҳрон ба хотима бирасад, содир хоҳад шуд. Ва дар он гуфта мешавад, ки чӣ фаъолиятҳои душманонае дорад. Аммо ин ки чаро ба тааҳҳудоташ пойбанд намонд, посухро бояд худи давлати Қатар бигӯяд.
Озодагон: Метавонед бисёр кутоҳ посух бигӯед, ки ҳамин буҳроне, ки ба вуҷуд омад ба сафари ахири раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп ба Саудӣ ва ҳамоиши кишварҳои арабию исломӣ рабте дорад?
Муҳаммад Албодӣ: Бояд бигӯям, ки дар ин робита эъломияи ҷониби Саудӣ нашр шуда буд, ки он ҷо бисёр возеҳ гуфта шудааст, ки ин буҳрон ҳеҷ алоқа ва робитае ба боздиди расмии Трамп надорад. Ин мавзӯест, ки пештар ҳам чунин буҳрон рух медод ва кишвари мо ба ин масъала борҳо дахл карда буд.
Озодагон: Мо умедворем, ки ин буҳрон дар минтақае, ки мо бо он пайванди таърихию тамаддунӣ дорем бо паёмадҳои бисёр мусбат ҳал мешавад.
Муҳаммад Албодӣ: Мо ҳам аз ҷониби худ изҳори умед мекунем, ки раҳбарияти давлати Қатар низ ба худ меояд ва ин мавзӯъро таҳлил намуда ба хулосаи дурусте мерасад, ки ин буҳрон ҳар чи зудтар хотима ёбад.
Озодагон: Агар рӯи равобити Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ тамаркуз кунем. Дар ҳоли ҳозир ба назар мерасад, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Тоҷикистон ҳамкориҳои танготангеро роҳандозӣ кардааст. Ҳоло бо таваҷҷӯҳ ба ин марҳила дар кадом риштаҳои иқтисодиёти кишвари мо сармоягузорӣ хоҳед кард ва дар сармоягузорӣ ба чӣ гуна барномаҳое авлавият дода мешавад?
Муҳаммад Албодӣ: Бояд бигӯям, ки муносибот миёни Шоҳигарии Арабаистони Саудӣ ва Тоҷикистон алоқаҳои таърихӣ, бостонӣ ва хеле қавӣ ҳам мебошанд. Ҳарчанд сафоратхонаи Саудӣ дар Душанбе соли 2010 боз шудааст, вале Бунёди саудии рушд аз соли 2003 инҷониб дар сармоягузории лоиҳаҳову тарҳҳои Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзад. Тақрибан ҳаҷми сармоягузориҳое, ки ин Бунёд барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ба унвони қарзи имтиёзнок ихтисос додааст, ҳудуди 148 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҳамчунин илова бар ин Маркази малик Салмон дар умури корҳои башардӯстона дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки як силсила лоиҳаҳои хайриявӣ ва инсондӯстонаро роҳандозӣ кардааст. Тақрибан якуним моҳ пеш аз ин имзои як Созишнома сурат гирифт, ки ёрии башардӯстонаи ин Марказ барои истеҳкоми соҳилҳои дарёӣ дар ҷануби Тоҷикистон равона шудааст ва он 2 миллион долларро дар бар мегирад. Мо ҳоло дар сафорат барои ташвиқи роҳандозии сафарҳои кории сармоягузорони худ талош мекунем, то биёянд ва ҳузурӣ бо имконот ва зарфиятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ошно шаванд. Умед дорем, ки дар фурсатҳои наздик байни Тоҷикистон ва Саудӣ ҳамкориҳои зиёди сармоягузорӣ, иншоаллоҳ сурат хоҳад гирифт.
Озодагон
Мусоҳибаи сафири Саудӣ
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 820