Дар Уммон намоишгоҳи дурӯза (26-27 июли 2017) бо ҳадафи муаррифии мадориси Қуръони Карим ва фаъолиятҳо ва равишҳои тадрис дар онҳо дар салони Анҷумани исломии шаҳри «Бушр» баргузор шуд.
Дар ин намоишгоҳ равишҳои нави илмӣ дар заминаи омӯзиши Қуръони Карим дар маърази дид боздидкунандагон қарор гирифтааст.
Омӯзиш аз роҳ дӯр бо ҳадафи дастрасии ҳамаи гурӯҳҳо ба ёдгирии Қуръон, коҳиши замони тадрис, ироаи намунаҳои амалӣ, тавзеҳи соддаи бисёре аз оёт ва аҳком барои донишомӯзон ба манзури тасбит дар зеҳни онҳо ва содда кардани мафоҳими мушкил аз ҷумла шеваҳои омӯзишӣ аст, ки дар ин намоишгоҳ ироа шудааст.
Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин дастовардҳои мадориси қуръонии шаҳри Бушр дар давраҳои тобистонӣ, ки бо ҳузури 24 муаллим, 23 довталаб ва 670 қуръономӯз барпо шуд, дар маърази диди алоқамандон қарор гирифтааст.
Бознависӣ аз Iqna
Намоишгоҳи Қуръони Карим дар Уммон
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 766