Ҷиҳати аз байн бурдани бегонапарастиву тақлидкорӣ ва пешгирии вуруди фарҳанги бегона дар пӯшидани либос Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази савдои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шанхайбозор» миёни фурӯшандаю харидорон сӯҳбатҳои инфиродӣ анҷом дод.
Дар рафти чорабинӣ маълум гардид, ки ҳанӯз миёни фурӯшандаҳои бозор анъанаҳои тақлидкорӣ, рӯ овардани занону бонувон ба бегонапарастӣ ҷой дорад.
Ҳамзамон аз ҷониби бархе аз фурӯшандаҳо ба фурӯш баровардани сарбанде, ки бо номи «турба» муаррифӣ гардидааст, ба назар мерасад. Қисми зиёди занону бонувоне, ки барои харидорӣ ба маркази савдои номбурда меомаданд, аз банди худнамоӣ ва таассуби тақлидкориву ҷиҳозпарастӣ раҳо нагардида, бо либосҳои дарози ба фарҳанги мо хос набуда вориди бозор мешуданд. Бархе аз занон бо бастани сарбанди ба истилоҳ «турба» гаштугузор доштанд, ки бо чунин занон низ суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд.
Дар ин росто занону модаронро мебояд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намуда, баҳри нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, ки либос яке аз рукнҳои асосии он мебошад, мубориза барем.
Қобили зикр аст, ки чунин суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маркази савдои мазкур дар байни бархе аз мардон низ гузаронида шуданд.
Ховар
Бояд ёдамон бошад, ки миллати тоҷик мусулмон аст ва мехоҳад тибқи гуфтаи Худо ва шариат амал кунад. Риояти пӯшиши комили зан дар пеши номаҳрам ва ҷои ҷамъиятӣ вазифа ва ҳаққи зани мусулмон ва мӯъмин аст. Набояд ҳаққи занони мусулмони худопараст ба баҳонаи миллатпарастӣ нодида гирифта шавад.
Пешсафи «фаҳмондадиҳӣ»
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 879