idi fitrШӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Фитрро эълом кард.
масъулини ин ниҳод дар ҷаласае, ки 22 –юми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Иди саиди Фитрро рӯзи душанбеи 26-уми июн эълом карданд.
Бар асоси ин гузориш, намози Иди Фитр дар тамоми масоҷиди ҷомеи ин кишвар соати 6-и субҳ баргузор хоҳад шуд.  Қаблан баҳсҳое дар бораи рӯзи баргузории Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон матраҳ шуда ва иддае рӯзи якшанберо рӯзи ид гуфтаанд.
Дар ҳамин ҳол Пажуҳишгоҳи аастрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон низ эълом кард, Иди Рамазон дар Тоҷикистон 26-уми июн фаро мерасад.Мусалмонони Тоҷикистон имсол шанбеи 27-уми май ба рӯзадорӣ шурӯъ карданд.
Ҳоло бар асоси хулосаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон якшанбеи 25 –уми июн охирин рӯзи моҳи мубораки Рамазон таъйин шудааст.
МАНБАЪ : сомонаи радиои тоҷики

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст