Маҳфили адабиву фарҳангии шоири тоҷик Хайрандеш (ҲАМЕШАБАҲОР) китоберо аз узви фаъоли ин маҳфил Синои Абӯалӣ муаррифӣ кардааст. Китоб бо номи “Мушкистон” дар чопхонаи “Балоғат” чоп шуда ва навиштаҳои тозаи адиби ҷавонро дар бар гирифтааст.
Хайрандеш дар сарсуханаш ба ин китоб Синои Абӯалиро “навроҳае аз Некнот” номидааст ва навиштааст: “Синои Абӯалӣ 30-юми сентябри соли 1978 дар деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Соли 1996 мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 13–ро дар зодгоҳаш ва соли 2001 Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷкент)-ро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, алъон соҳибкори инфиродӣ дар шаҳри Чкаловск мебошад. Ҳамзамон, донишҷӯи бахши филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ оиладор ва соҳиби 4 фарзанд –ду писар ва ду духтари дӯстрӯяк мебошад.
Китоби нахустини Синои ҷавонро бо номи «Мушкистон», ки ҳамноми яке аз кӯҳҳои Некноти зебоманзар аст, манзури табъи бориксанҷи шумо гардонида, ба ӯ фотиҳа медиҳем, ки шеърҳои шӯрангезу дилнавозаш боз ҳам шевотар, боз ҳам гиротар ва боз ҳам камнуқсонтару дурпарвозтару фарогиртару муассиртару пурҷилотар ба ҷавлон биёянд.
Аз «Мушкистон»-и ӯ бошад, накҳати мушки муаттар пайваста ба машоми хонандагону ҳаводорони шеъраш хоҳад расид”. Чанд нусха аз китоби мазкур вориди Китобхонаи миллӣ шуд, ки хонандагон метавонанд аз он баҳра гиранд.
Аз сафҳаи ОК Сино Абӯалӣ
Мо ҳам барои ишон орзуи муваффақият менамоем.