"Оини оина" маҷмӯаи нави ғазалҳои Фирдавси Аъзам, шоири ғазалсарои ҷавони тоҷик дар интишороти "Утоқи обӣ"-и шаҳри Теҳрон бо теъдоди 1000 нусха чоп шуд. Ин китоб, ки бо талошҳои оқои Фарҳод Ороӣ чоп шудааст, беш аз 60 ғазали нави шоири тоҷикро фаро мегирад ва бо ороиши нафис ба табъ расидааст.
Оқои Шоҳини Сипанто, адиби фарҳехтаи эронӣ ба китоби мазкур пешгуфтор навишта дар он ба бархе вижагиҳо ва тозакориҳои Фирдавси Аъзам ишора намудааст: “Ҳамчуноне ки аз унвони китоб бар меояд, Фирдавс аз алоқамандон ва дилбохтагони оина, намоди бериёӣ ва покизагӣ аст ва талош намуда аст дар оинаи тамомнамои афкори шоиронааш бардоштҳои хешро аз одаму олам баён намояд. Ва бо ин зеҳният ба инсон ва ҷаҳони атроф менигарад ва ёфтаҳои ноби хешро дар табақи ихлос мегузорад. Дар ҳақиқат шеъри ӯ оинаи андеша ва тафаккури ӯ аст, ки бо ҷилваҳои рангин ҳамонанди садгеси осмон чеҳранамоӣ мекунад”.
Фирдавси Аъзам то кунун бо ду китоби ашъор бо номҳои "Абрҳои обӣ" ва "Як бағал ғазал" дар миёни хонандагони форсизабон ба унвони шоири ғазалсаро муаррифӣ шудааст.
Қарор аст, ки китоби мазкур дар доираҳои мухталифи адабии Эрон рӯнамоӣ ва ба бисёре аз марокизи фарҳангӣ ба таври ройгон дода шавад.
Гуфтанист, ки Фирдавс дар хонаводаи оқои Аъзам Хуҷаста, аз шоирони хушбаёни тоҷик дар соли 1984 ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо тахассуси забони англисӣ мебошад.
Ашъораш дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо мунташир шудааст.
Бознависӣ аз «Озодагон»
Нашри “Оини оина”
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 1074