tj va naoishgohАнҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон барномаҳои вижаеро иҷро кардааст.
Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон дар канори ҳузури фаъол дар сиюмин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон аз тариқи барпоии ғурфаи арзаи китоб ва маҳсулоти фарҳангии Тоҷикистон, ду суханронии вижа бо меҳвари “Ташобуҳоти фарҳангии Эрону Тоҷикистон ва сайре дар олами эроншиносӣ” низ баргузор кардаанд .
Дар ин нишаст доктор Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси ҳайъатмудираи анҷуман ва доктор Ҳажири Теҳронӣ, фаъоли фарҳангӣ ва соҳибназар дар умури Тоҷикистон дар боби ташобуҳоти фарҳангии ду кишвар ва доктор Фоиза Ҷунайдӣ, дабири Кумитаи адабии анҷуман низ дар хусуси сайре дар олами эроншиносӣ сухан гуфтанд .
Дар ин маросим ҳамчунин Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва намояндаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа суханронӣ кардааст .
Шеърхонӣ ва иҷрои мусиқӣ аз дигар бахшҳои ин барнома будааст .
Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон аз сеюми майи имсол гушоиш ёфтааст ва то 13 май идома дорад

Радиои тоҷикӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст