Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аламуродов А. Т. шаҳрванди Тоҷикистонро барои 50 рӯзи иштирок дар ҷангҳои Сурия ба 14 сол зиндон маҳкум кард.
Тибқи иттилои Додситонии кул Аламуродов ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия бо аъзоёни гуруҳҳои “Ҷаннат ошиқлар”, “Тавҳид ва ҷиҳод” шинос шуда, даъвати онҳоро барои иштирок дар ҷангҳои Сурия пазируфтааст. Ӯ моҳи апрели соли 2016 аз тариқи хатсайри Душанбе-Истанбул ба Туркия рафтааст: “Баъдан сарҳади давлати Туркия ва Сурияро ғайриқонунӣ гузашта дар ҳайъати ин гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ ба муқобили қувваҳои қонунии давлати Сурия, тахминан 50 рӯз ҷангида, сипас боз ба Туркия баргаштааст”.
Додситонии кул афзуд, Аламуродов пас аз бозгашташ ба Истанбул сентябри соли 2016 аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд ва моҳи апрели соли равон дар Душанбе ба 14 сол зиндон маҳкум гардид.
Озодагон
50 рӯз - 14 сол зиндон
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 960