Андешаҳои инсондӯстонаи Шайх Саъдии Шерозӣ бо вуҷуди гузашти қарнҳо аз ҷумлаи таъсиргузортарин осори адабиёти ҷаҳонӣ дониста мешавад.
Ин нукта аз сӯи донишмандони шинохтаи улуми забону адабиёти тоҷик зимни рӯнамоӣ аз китоби “Гулистон”-и Саъдӣ, матни комил ва шарҳи он” зимни маросиме дар шаҳри Душанбе баён гардид. Маросими рӯнамоии матни комили “Гулистон”-и Саъдӣ бо хати сирилик дар таҳияи донишманди тоҷик Обид Шакурзода дар толори Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон бо ҳузури шоирону нависандагон ва адабиётшиносони саршиносӣ тоҷик баргузор шуд.
Обид Шакурзода, донишманди тоҷик ва таҳиякунандаи матни комили “Гулистон” таъкид кард, ки китоби мазкур имкон медиҳад, то мардуми форсигӯ ва сириликхони Осиёи Марказӣ бо андешаҳои инсонпарварона ва ахлоқии Шайх Саъдӣ бевосита ошно шаванд.
Зимни ин ҳамоиш донишмандон ва адабиётшиносони тоҷик бар нақши муассири осори Шайх Саъдӣ ва андешаҳои инсонпарваронаву ахлоқии вай таъкид карданд.
Бояд гуфт, ки матни комили “Гулистон”-и Саъдӣ ва шарҳи он бо мусоидати пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо хатти сирилик мунташир шуд.
Гуфтанист, ҳамасола аввали урдибиҳиштмоҳ дӯстдорону ҳаводорони каломи Шайхи Аҷал, Саъдии Шерозӣ гирди ҳам ҷамъ шуда, аз ин шоири тавонои порсигӯ ёд мекунанд.
Абӯмуҳаммад Муслиҳиддин ибни Абдуллоҳ, маъруф ба Саъдии Шерозӣ аз барҷастатарин шоирони порсигӯи қарни сездаҳ аст. Саъдӣ сафири инсоният, ҳамбастагӣ ва ҳамзистӣ буда, барои гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддунҳо бо ашъори зебои худ заминасозӣ кардааст.
Шайхи Аҷал ва ду китоби “Гулистон” ва “Бӯстон”-и ӯ дар тору пӯди андеша ва фарҳанги форсизабонон ҷо дошта ва бо сипарӣ шудани қарнҳо аз вафоташ ҳамчунон ба унвони шахсияти таъсиргузор бар шеър ва адабиёти форсӣ матраҳ аст.
Рӯнамоӣ аз нусхаи сирилики “Гулистон”-и Саъдӣ
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 973