Нашриёти «Истеъдод» бо фармоиши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро бо теъдоди 10000 нусха нашр намуд, ки зиёда аз 3000 намунаи номҳои миллии тоҷикиро бо тарзи навишти ном ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бар мегирад.
Ҳадаф аз таҳияи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ унвон шудааст.
Бознависӣ аз Ховар

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст