15-уми апрел аз зодрӯзи яке аз бузургтарин фарзандони миллати тоҷик, Садриддин Айнӣ бино ба асноди расмӣ 139 ва бино ба таъкиди худи устод дар “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам” 142 сол мегузарад. “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: ОЁ ИМРӮЗ БА ВУҶУДИ ШАХСИЯТЕ ЧУН УСТОД АЙНӢ ЗАРУРАТ ДОРЕМ?
Шарифмурод ИСРОФИЛНИЁ, директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, адабиётшинос
Беш аз ҳар замоне имрӯз ба шахсиятҳои миллатсозе чун устод Айнӣ ниёз дорем. Дониста бошем ва ба гӯши ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ расонем, ки мо барои ин Ватан, ин забон, ин фарҳанг назди рӯҳи пурфутӯҳи устод Айнӣ вомдорем. Он бузургвор буд, ки ба гӯши роҳбарони тоҷики пантуркистшуда, чун Абдулло Раҳимбоеву Файзулло Хоҷаев, Фитрат ва ҳатто Мунзим талқин кард, ки тоҷик ҳастанду Мовароуннаҳру Хуросон ватани аҷдодони тоҷикон аст. Дар сад соли охир ҳеч як алломае монанди устод Айнӣ дар фарҳанги миллат ба майдон наомад. Тамоми дастовардҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангии мо дар даврони Шӯравӣ бо номи ин аллома пайванд дорад. Мактаби адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, луғатнигорӣ, таърихнигорӣ ... ҳама аз мактаби устод Айнӣ сарчашма мегирад. Айнӣ шиносномаи миллати тоҷик аст ва дар ин нукта ҳеҷ шакке нест!
Рустами ВАҲҲОБ, сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ”, адабиётшинос
Ба вуҷуди устод Айнӣ ҳамеша ниёз дорем ва хоҳем дошт. Осори Айнӣ имрӯз ҳам ба суди миллати мо кор мекунад ва мутолиаву таъбиру тафсир ва истифодаи саҳеҳу олимона ва муносиби ҳоли ин осор ҳузури бобаракати устод Айниро дар ҷомеаи имрӯзи мо таъмин менамояд.

Қодири РУСТАМ, нависанда ва адабиётшинос
Бузургоне чун Айнӣ такрор намешаванд. Айнӣ барои он Айнӣ шуд, ки ба касе шабеҳ нест ва барои зуҳури нобиға ҳамеша ду омил бояд ҳузур дошта бошад: яке омили фардӣ, яъне шахс худ хешро месозад, эҷод мекунад, ба дунё меоварад, дигар омили иҷтимоӣ, ки вобаста ба муҳит ва замон аст. Яъне, барои он ки нобиғае чун Айнӣ зуҳур ёбад, ин ду омилро надорам. Аммо ба маънии густардатар ва амиқтар, мо воқеан ба шахсе чун Айнӣ, ки пири миллат бошад, мардум сарфи назар аз ихтилофи назарҳояшон ва ҳама дигар ихтилофҳои минтақаӣ, синну солӣ ва ҷинсиашон ба ӯ эътимод дошта бошанд ва ин мард барояшон эътибори маънавӣ дошта бошад, сахт ниёзманд ҳастем. Чунин пирони маънавӣ барои миллати мо пас аз сари Айнӣ Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода буданд... Ва пас аз сари инҳо мо чунин пири маънавӣ надорем ва ин амрро ман яке аз сабабҳои фоҷеае медонам, ки ба сари миллатамон омад...
Салим АЮБЗОД, адиб ва рӯзноманигор
Ҳатман ба як Айнии навине ниёзи шадид ҳаст, зеро миллат давраи хеле сахти эҳёро ба сар мебарад. Зимнан, афроде ҳам дорем, ки метавон онҳоро пайрав ва ҷойгузини Айнӣ шумурд. Вале фаромӯш накунем, Айниро на танҳо давраи душвори растохези миллӣ, балки саромадон ва ҳамсафарони муайяне Айнӣ карданд. Аз ҷумла раҳбари вақти кишвар Бобоҷон Ғафуров барои Айнӣ шароитеро фароҳам овард, ки бишкуфад. Он ки равшанфикрон ҳатто солҳои зиёде баъд аз сари Ғафуров ба вазъи мамлакат ва қудрати сиёсӣ кам ё беш таъсире доштанд, хидмати шоистаи муаллифи зиндаёди “Тоҷикон” аст. Миллатро бе зиёиёни озодандеш, донишманд ва озодаву озодбаён, бе рушди илму фарҳангу адабу ҳунар сохтан номумкин аст. Чунин вазифаро маҳз Айнии нав, Турсунзодаи нав, Улуғзодаи нав ва афроде монанди онҳо иҷро карда метавонанд. Барои сар бардоштани чунин афрод фазои муносиб зарур аст. Шигифто, ки Айнӣ тавонист, дар буҳбуҳаи низоми саркӯбгаронаи шӯравӣ корҳои бузургеро анҷом диҳад, вале дар давраи истиқлолияти кишвар, ки бояд фазо ва пуштибониии ба маротиб беҳтаре барои чунин чеҳра вуҷуд дошта бошад, муҳайё нест.
Иршод СУЛАЙМОНӢ, сардабири ҳафтаномаи “Озодагон”
Замоне устод Айнӣ дар мақолаи маъруфи худ “Сайфу қалам” навишта буд: “Дар олами маданият ду қувват аст, ки таъмини ҳуқуқи бани башар бе воситаи ин ду мумкин нест. Ин ду қувват сайф ва қалам аст. Дар як ҳайати иҷтимоӣ агар “сайф” (шамшер) ба манзалаи ҷисм бошад, “қалам” ба масобаи ҷон аст. Ҳамчунон ки бе ҷисму ҷон одамӣ дар хориҷ вуҷуд надорад, инчунин ҳайати иҷтимоия, ки бе сайфу қалам аст, дар олами маданият гӯё вуҷуд надорад”.
Манзури устод Айнӣ аз “сайф” ва “қалам” қудрат ва дониш буд. Ду арзише, ки имрӯз мо ба он аз замони Айнӣ бештар ниёз дорем. Вале барои доштани ин ду мо ба шахсиятҳое чун Айнӣ ниёз дорем, ки битавонанд бо худафрӯзӣ ва азхудгузаштагӣ дониш ва қудрати моро таъмин кунанд. Имрӯз мо ба Айнӣ ва шахсиятҳое чун эшон ба масобаи сайфу қалам ниёз дорем. Айнӣ ба манзалаи дониш ва қудрат, ки бо таассуф миллати мо ин дуро кам дорад. Аз лиҳози надоштани дониш ва қудрат феълан, мо хеле ақиб афтодаем ва шӯрбахтона муҳити мо ба гунае шакл гирифтааст, ки муҳити айнипарвар нест.
Айнӣ самбули шахсиятсозии худ ба худ аст. Ӯ бо вуҷуди ин ки як ятим буд дар замони тангу тори манғитҳои Бухоро, дар замони ҷаҳолатҳои қудратхоҳии Англису Русия бар сари Бухоро (ва Шарқ) худ ба худ дониш омӯхт, қудрат пайдо кард ва ба масобаи яке аз бузургтарин шахсиятҳои замони худ расид, ки мо имрӯз ифтихори доштани чунин як донишмандро мекунем. Айнӣ бо шахсиятсозии худ ба худ намоди талошу муборизае гашт, ки инсон метавонад бо роҳи омӯзиш ва дониш ба қуллаи ифтихор ва маниш бирасад. Шахсиятсозии худ ба худи Айнӣ танҳо ба худи ӯ фоида надошт, балки ин василаи шахсиятсозӣ ба нафъи миллӣ буд. Ҳоло тасаввури ин нукта бисёр душвор аст, ки агар мо дар девонагиҳои оғози асри гузашта Айниро намедоштем миллати мо дар муқобили болшевизму понтуркизми тоҷиккуш чӣ қадар қурбонӣ медошт ва чӣ қадар аз шаҳомату дороии миллиро мебохт. Айни шахсияти худро худ сохт ва чун муҳите мусоид шуд дониш ва қудрати ӯ ба нафъи миллат кор дод.
Миллати мо бидуни шахсиятҳое чун Айнӣ пешрафт намекунад. Агар ҳазорон вазиру мушовиру раису ректорро ҳам унвони академикӣ бидеҳем, миллати мо муқтадиру донишдор намешавад. Академик бояд дар батни ҷомеаи донишбунёд парварда шавад, на ин ки дар муҳитҳои сиёсӣ ва маҳаллӣ. Мо бе паймудани роҳи шахсиятҳое чун Айнӣ, бе эҳтиром қоил нашудан дар баробари дониш ва қудрати илм, бе даст накашидан аз парадигмаҳои сиёсии нокоро ва муҳиткуш наметавонем ба орзу ва ормонҳое, ки мепарварем бирасем. Ба гуфти аллома Айнӣ “агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба иборати кӯтоҳ – агар мо ҳаёт хоҳем, бояд, ки фурсат нагузаронда, чанг ба домони сайфу қалам занем”.
Озодагон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст