Ба муносибати фаро расидани иди Наврӯз ва иди модарон дар моҳи март имсол дар Тоҷикистон 13 рӯз таътил аст.
Бино бар гузориши федератсияи коргари мустақили Тоҷикистон рӯзҳои 4, 5, 8, 11, 12, 18, 19, 21 то 26 моҳ март таътили расмӣ эълом шудааст.
Ҳама сола яке аз манотиқи Тоҷикистон ба унвони мизбони Наврӯз муаррифӣ мешавад аммо бо ин ҳол дар тамоми шаҳру деҳот ин иди бостонӣ бошукӯҳ баргузор мешавад.
Имсол шаҳристони «Турсунзода» дар 60 километрии ғарби шаҳр Душанбе мизбони маросими аслии Наврӯз хоҳад буд.
Бино бар суханони масъули ин минтақа беш аз як километри хиёбони ин шаҳристон гулкорӣ шуда ва барномаҳои хоссе барои Наврӯз сурат гирифтааст.
Интизор меравад, ки дар барномаҳои Наврӯз Тоҷикистон намояндагони фарҳангӣ, ҳунармандон, масъулин ва тоҷирони манотиқи мухталифи кишварҳои Узбакистон, Афғонистон ва Эрон ширкат кунанд.
Қаблан «Эмомалӣ Раҳмон» раисҷумҳури Тоҷикистон рамзи иди бостонӣ ва байналмилалии Наврӯз – 2017-ро таъйид кард.
Бознависӣ аз Форс
Таътилоти наврӯзӣ
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 982